Кумитаи занон сарулибоси миллиро бо СМС тарғиб мекунад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон бо дархости ирсоли смс-паёмакҳо ба муштариён бо даъвати эҳтироми сарулибоси миллӣ аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон нома гирифтаанд.

Кумитаи аз ширкатҳо дархост кардааст, ки бо чунин мазмунҳо ба муштариён паёмак фиристанд: "Риояи либоси миллӣ ҳатмист", "Либоси миллиро эҳтиром кунед" ва "Биёед, либоси миллиро анъана табдил диҳем".

Дар чанде аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ ба «Азия-Плюс» расидани чунин номаро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки алҳол намедонанд ба ин чӣ гуна муносибат кунанд. «Вазифаи мо таъмини алоқаи одамон, итиилоърасонӣ ба онҳост, вале дар ин ҳолат чӣ гуна мешавад, алҳол ҳал нашудааст», – гуфтанд дар яке аз ширкатҳо.

Намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила Акмал Олимшоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки  ба ин васила Кумита ба маъракаи таблиғи пӯшидани сарулибоси миллӣ тақвият бахшиданист.

Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ зикр карданд, ки тарҳҳои сарулибоси миллӣ барои хизматчиёни давлатӣ омода ва ояндаи наздик пешниҳод гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор дар сомонаи Вазорат нашр мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар яке аз бандҳои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳифзу эҳтироми ҳатмии сарулибоси миллӣ дар тӯй ва маъракаҳо зикр мегардад, вале дар таҳрири нави қонун ба сарулибоси рӯзмарра ҳам дахл доштани он дарҷ наёфтааст.

Дар даъватномаҳои пеш аз тӯйи издивоҷ, ки навхонадорон пеш аз сабти ақди никоҳ мегиранд, аллакай гуфта мешавад, ки ба занону духтарон бо сатр ба идораи САҲШ (ЗАГС) даромадан манъ буда, шумори автомашинаҳои тӯй набояд аз 4 адад зиёд бошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...