Издивоҷи пурсарусадои ҷавони душанбегӣ бо журналистзани рус

Ровии шабакаи телевизиони Александрови вилояти Владимир Светлана Устинова бо ҷавони 22-солаи тоҷик Довуд Аминов издивоҷ карда, номашро ба Шамсия ва номи хонаводагиашро ба Аминова иваз кардааст. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, шавҳари Светлана Устинова – Довуд Аминов ҳамагӣ 22 сол дорад ва техники нигоҳубини ҳавопаймоҳост. Довуд дар Душанбе ба дунё омада, дар ҳамон […]

Akhbor.com

Ровии шабакаи телевизиони Александрови вилояти Владимир Светлана Устинова бо ҷавони 22-солаи тоҷик Довуд Аминов издивоҷ карда, номашро ба Шамсия ва номи хонаводагиашро ба Аминова иваз кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, шавҳари Светлана Устинова – Довуд Аминов ҳамагӣ 22 сол дорад ва техники нигоҳубини ҳавопаймоҳост. Довуд дар Душанбе ба дунё омада, дар ҳамон ҷо омӯзишгоҳи ҳавопаймоиро хатм кардааст. Ӯ як сол пеш ба Русия омад ва 5 моҳ пеш бо Светлана шинос шуд. Ва алакай рӯзи 18 август Довуду Светлана издивоҷ карданд.

Светлана ҳама шартҳои домод барои ин издивоҷро пазируфт: ҳам номи хонаводагии шавҳарашро гирифта, Аминова шуд, ҳам номашро ба Шамсия иваз кард ва ҳам бо Довуд никоҳи мусалмонӣ кард. Муллои тотор бо номи Васил, ки барои ақди никоҳи мусалмонии онҳо даъват шуда буд, ибтидо ба ҷуфти ҷавон аз таърихи никоҳ нақл кард ва гуфт, нахустин никоҳ дар Биҳишт байни Одаму Ҳаво баста шудааст. Мулло Васил сипас аз арӯс Светлана пурсид, ки оё тайёр аст, нафсашро ба Довуд бубахшад? Сипас айни саволро аз Довуд кард ва дар ҳузури ду шоҳиди тоҷик ҳардуро зану шавҳар эълон карда, ба дасташон шаҳодатномаи ақди никоҳ аз ҷониби Иттиҳоди мусалмонҳои Русияро супурд.

Дар ҳамин маросим дар ҳузури мулло исми Светланаро ба Шамсия иваз карданд. Ӯ мегӯяд, ӯ пушт ба сӯи мулло ва дастонаш рӯи зону менишаст ва мулло аз се тарафи арӯс истода дуо хонд ва се дафъа дар гӯшаш гуфт, ки "Аз ин ба баъд номи ту, бандаи Аллоҳ, Шамсия аст!”

Ба дунбол Довуду Шамсия рӯзи 18 август дар идораи ЗАГС-и шаҳри Александров ақди никоҳи расмӣ карданд ва худи ҳамон рӯз боз ду тӯйи ба истилоҳ "русӣ” барпо карданд – яке бо сайругашт дар осорхонаи "Александровская слобода” ва якеи дигар бо даъвати меҳмонони зиёд дар қаҳвахонаи "Маруся”.

Светлана ё Шамсия дар мусоҳиба бо нашрияи маҳаллии Новый городъ гуфт, як сол пеш вақте рассоми фолкушо Екатерина Мелкозёрова фолаш кушод, ки ба зудӣ шавҳар мекунад, бовар накарда буд. Вақте ин фол ҷомаи амал пӯшид ва тасмим гирифт, ки ба Довуд издивоҷ кунад, ин хабар сару садои зиёде ба по кард ва бисёре аз ошноёнаш талош карданд, Светланаро аз ин роҳи, ба ақидаи онҳо, "хатарнок” баргардонанд.

Бархе ба фарқи бузург дар синну соли ӯву домодшавандаи ҷавон таъкид мекард, бархе мегуфт, аз хабари дини Исломро пазируфтани Светлана ба шок афтодааст, бархе мегуфт, ки никоҳи бо намояндаи як миллати "ақибмонда” оқибат надорад.

Аммо худи Шамсия ё Светлана мегӯяд, ин сарусадоҳо барояш аҳамияти чандоне надоранд: "Албатта, дар рӯям касе чизе намегӯяд, вале тавассути дӯстон кӯшиш мекарданд, ки маро аз ин роҳ гардонанд. Хандаам мегирифт, вақте баъзе "хайрхоҳон” изҳори ташвиш мекарданд, ки Довуд маро гирифта ба қишлоқаш мебарад. Бовар кунед, дар муқоиса бо пойтахти Тоҷикистон, ки Довуд онҷо ба дунё омадааст, шаҳри Александрови мо худаш як музофот аст. Мегуфтанд, ки савод надоорад, тарбия надорад, аз кадом асри сангин омадааст. Вале адабу рафторе ки Довуд нишонм едиҳад, ман дар ҳеҷ каси дигар надидаам. Як вақт як корманди сафорати Тоҷикистон дар мусоҳиба бо ман дар посух ба ин суол ки тоҷикҳо кистанд? гуфта буд: "Тоҷикҳо дар қалб шоир ва дар асл заҳматкашанд.” Довуд ҳам ду забони – ҳам тоҷикӣ ва ҳам русӣ – шеър менависад ва бароям даҳҳо шеър бахшидааст. Дар ниҳояти амр, тоҷикҳо ягона намояндаи шохаи халқҳои эронӣ дар Шӯравии собиқ мебошанд. Ё шунидам, ки мегӯянд, ҳама чизатро мегирад ва худатро ба кӯча мепартояд. Бубахшед, вале ман чӣ дорам, ки бигирад? Тилову бриллиант надорам. Ҳатто хонаам ҳам хонаи иҷора аст, ки ҳар моҳ барояш 10 ҳазор рубл пардохт мекунам. Бовар кунед, осонтар ҳам мешавад, чунки пулашро аз ин ба баъд ҳардуямон муштарак хоҳем дод.”

Шамсия Аминова гуфт, фарқи бузурги синни ӯву Довуд низ барояш мушкил надорад. Ба ақидаи ваё, мардоне ҳастанд, ки то пиронсолӣ кӯдак боқӣ мемонанд ва мардоне ҳам ҳастанд, ки алакай дар сирнни ҷавонӣ ба ҳадди камол мерасанд.

Ӯ мегӯяд, издивоҷ бо мардуми осиёӣ вижагиҳои худро дорад ва вай барои мисол, медонад, ки бо издивоҷ ба як тоҷик ӯ бояд ҳама хешовандони сершумори ӯро ҳам ба хешовандӣ бипазирад. Чизи дигари муҳим, ба ақидаи Шамсия, дӯст доштани Ватани шавҳар аст. Шамсия мегӯяд, бо шарофати Довуд алакай дар қалбаш нисбат ба Тоҷикистон алоқаи хосе пайдо шудааст ва ҳоло талош дорад, ки забони форсиро биомӯзад. Нахустин пешрафтҳояш дар забони тоҷикиро Шамсия рӯзи тӯяш алакай ба намоиш гузошт ва истиқболи гарме ҳам ба даст овард.

Шамсия мегӯяд, ин ҳама коре ки барои ризои Довуд мекунад, дар баробари ишқи ин ҷавонмарди зебову пурэҳсос боз ҳам ҳеҷ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.