Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Чин

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Урумчи бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғур Чен Чуангуо ва Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси боварӣ ва дастгирии муштарак рушду тавсеаи бештар меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Мусоҳибон татбиқи муваффақонаи Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тақвияти кори зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикиситон ва Ноҳияи мухтори Синзиян Уйғурро воситаи муҳими таҳкимбахши муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷчуҳ арзёбӣ намуданд.

Фаъолияти назарраси ширкатҳои бонуфузи ин ноҳияи пешрафтаи Чин дар Тоҷикикстон таъкид гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ нақши онҳо дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии дуҷониба бештар гардонида мешавад.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ,молиявию бонкӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илмию фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба таври муфассал баррасӣ шуд. Дар ин замина барои омодасозии мутахассисони сатҳи баланди соҳаҳои гуногун дар муассисаҳои олии таълимии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...