Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Чин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Урумчи бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғур Чен Чуангуо ва Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин, ки […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Урумчи бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғур Чен Чуангуо ва Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси боварӣ ва дастгирии муштарак рушду тавсеаи бештар меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Мусоҳибон татбиқи муваффақонаи Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тақвияти кори зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикиситон ва Ноҳияи мухтори Синзиян Уйғурро воситаи муҳими таҳкимбахши муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷчуҳ арзёбӣ намуданд.

Фаъолияти назарраси ширкатҳои бонуфузи ин ноҳияи пешрафтаи Чин дар Тоҷикикстон таъкид гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ нақши онҳо дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии дуҷониба бештар гардонида мешавад.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ,молиявию бонкӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илмию фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба таври муфассал баррасӣ шуд. Дар ин замина барои омодасозии мутахассисони сатҳи баланди соҳаҳои гуногун дар муассисаҳои олии таълимии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.