Тоҷикистон озмоишҳои ҳастаии Кореяи Шимолиро таҳрикомез хонд

Date:

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии  Корея ҳамақида мебошад ва изҳор менамояд, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд.

Дар изҳороти дар ин робита интишоршуда ВКХ Тоҷикистон қайд мешавад, ки дар ин замина, Тоҷикистон  аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад ва даъват ба амал меорад, ки Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии  Корея меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Қазоқистон низ озмоиши ҳастаии рӯзи якшанбеи Куриёи Шимолиро маҳкум карда, аз ин кишвар хост, ки аз ҷоҳталабиҳои ҳастаияш даст кашад ва сари мизи муколама нишинад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related