Баррасии масоили омодагӣ ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СААД дар Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Юрий Хачатуровро, ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод нахустин маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки моҳи ноябри соли […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Юрий Хачатуровро, ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод нахустин маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус баргузор мегардад, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳо ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштироккунанда дар соҳаи мудофиа ва амният, ки давоми 25 соли имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 соли таъсисёбии Созмон, амалӣ шудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҷонибҳо оид ба мавқеи ягонаи кишварҳои аъзои созмон доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини амнияти ҳудуди давлатҳо ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҳамкории дастаҷамъии сохторҳои марбутаи кишварҳои аъзо дар самти баланд бардоштани самаранокии кори амалиётҳои муштараки фаврӣ ҷустуҷуӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.