Баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва президенти БИР

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд (БИР) Бандар Ҳамза Ҳаҷҷарро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории имрӯза ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории созандаи дуҷониба давоми 20 сол дар самти татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Таъкид гардид, ки аз оғози ҳамкорӣ бо бонк маблағи зиёда аз 335 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок равона гардидааст. Айни ҳол, дар кишвар ба маблағи зиёда аз 173 миллион доллари амрикоӣ 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти маориф, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, энергетика, обёрӣ намудани заминҳо ва нақлиёт амалӣ шуда истодааст. Соли ҷорӣ аз тарафи Бонки Исломии Рушд ду лоиҳаи дигар – сохтмони ду қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб ва лоиҳаи беҳтар намудани хадамоти саломатии модар ва кӯдак ҷонибдорӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро, ки бо мақсади густариши рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар қабул гардидааст, баррасӣ карданд.

Дар мулоқот омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Бонки Исломии Рушд, алалхусус, «Барномаи махсус барои Осиёи Миёна барои солҳои 2016 – 2020» ва «Фонди ҳаёт ва воситаҳои ҳаёт» таъкид карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...