Баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва президенти БИР

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд (БИР) Бандар Ҳамза Ҳаҷҷарро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории имрӯза ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории созандаи дуҷониба давоми 20 сол дар самти татбиқи як қатор лоиҳаҳои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд (БИР) Бандар Ҳамза Ҳаҷҷарро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории имрӯза ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории созандаи дуҷониба давоми 20 сол дар самти татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Таъкид гардид, ки аз оғози ҳамкорӣ бо бонк маблағи зиёда аз 335 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок равона гардидааст. Айни ҳол, дар кишвар ба маблағи зиёда аз 173 миллион доллари амрикоӣ 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти маориф, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, энергетика, обёрӣ намудани заминҳо ва нақлиёт амалӣ шуда истодааст. Соли ҷорӣ аз тарафи Бонки Исломии Рушд ду лоиҳаи дигар – сохтмони ду қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб ва лоиҳаи беҳтар намудани хадамоти саломатии модар ва кӯдак ҷонибдорӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро, ки бо мақсади густариши рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар қабул гардидааст, баррасӣ карданд.

Дар мулоқот омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Бонки Исломии Рушд, алалхусус, «Барномаи махсус барои Осиёи Миёна барои солҳои 2016 – 2020» ва «Фонди ҳаёт ва воситаҳои ҳаёт» таъкид карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ