Аз 1 октябр нархи истифодаи барқ боло меравад

Аз октябри соли равон арзиши истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон боло меравад. Дар ин бора қарори дахлдори ҳукуматро Эмомалӣ Раҳмон санаи 29 август ба имзо расонид. Дар ин санад қарор шудааст, ки ба ҷуз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), тарифҳо ба тамоми дараҷаҳои истеъмолгарон тасдиқ карда шавад. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки тарифҳои истифодаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз октябри соли равон арзиши истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон боло меравад. Дар ин бора қарори дахлдори ҳукуматро Эмомалӣ Раҳмон санаи 29 август ба имзо расонид.

Дар ин санад қарор шудааст, ки ба ҷуз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), тарифҳо ба тамоми дараҷаҳои истеъмолгарон тасдиқ карда шавад.

Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ 15% – аз 14,65 дирами ҳозира то ба 16,85 дирам барои 1 киловатт/соат бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда зиёд карда шавад.

Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 40,99 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 16,85 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 5,86 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 16,85 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 5,8 дирамро ташкил медиҳад.

Тарифҳо барои истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ – 101,54 дирам барои 1 киловатт (барои соҳаи ғайрибуҷетӣ) ва 30,15 дирам (барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ) муқаррар шудааст.

Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ ва ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода шудааст, ки бар асоси ин қарор ба нархнома аз 1 октябри соли 2016 тағийроти дахлдор ворид намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар ШСХК «Барқи тоҷик» маълумоти болоравии арзиши истифодаи барқро тасдиқ ҳам намекунанду инкор низ.

Моҳи феврали соли равон ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки барои баъзе дараҷаҳои истеъмолгарон арзиши истифодаи барқро боло барад. Ин болоравӣ он замон ба аҳолӣ дахл накард.

Тарифҳои истифодаи барқ барои истеъмолгари асосии нерӯи барқ – КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» бетағйир боқӣ мемонанд: аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам барои 1 киловатт/соат ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) – 11,80 дирам.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ