Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Раёсати КДАМ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар деҳоти Шӯрообод Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Шӯрообод Сарвари давлат ба фаъолияти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот оғози расмӣ бахшид. Корхонаи мазкур имкон дорад дар як шабонарӯз 1 тоннаву 500 килограмм маҳсулоти боғдоронро коркард ва басту банд намояд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст дар ин ноҳия санги асос гузошта, зимни муаррифии лоиҳаи варзишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки масоҳати қитъаи замини барои сохтмони варзишгоҳ пешбинигардида 4,00 гектар буда, аз чор минбари мунаққаш иборат мебошад.

Дар маҳаллаи Синои ноҳия бо иштироки Президенти мамлакат як меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.  Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи як ва дунафара, ошхона, ҳуҷраҳо барои ҳайати кормандон, ҳуҷраи нигоҳдории асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи нигоҳдории таҷҳизот ва даҳлез иборат буда, масоҳати умумии бино 6 440 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 расман оғоз бахшид. Мактаби мазкур барои 760 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири дарсомӯзист.

Сипас Сарвари давлат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дидан карда, бо фаъолияти кишоварзон аз наздик шинос шуд. Ҳамзамон занони ҳунарманди ноҳия низ дар ин рӯз маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ иборат буд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зимни ба истифода додани мактаби №1, қитъаи роҳи мошингарди Шӯрообод – Шоҳон ва оғози азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб–Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва сокинони ноҳияро би муносибат самимона табрик гуфт.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...