Роҳхати «Истиқлол» ба даври баъдии Ҷоми КФО аз рӯи натиҷаи ду бозӣ

Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Серес Негрос»-и Филиппин, ки рӯзи 12-уми сентябр дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум»-и шаҳри Баколоди ин кишвар доир гардид, мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, голҳоро дар дақиқаи 34-ум бозигари мизбонон Ҳеррера […]

Asia-Plus

Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Серес Негрос»-и Филиппин, ки рӯзи 12-уми сентябр дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум»-и шаҳри Баколоди ин кишвар доир гардид, мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, голҳоро дар дақиқаи 34-ум бозигари мизбонон Ҳеррера боз карда, голи ҷавобиро легионери русиягии “Истиқлол” Дмитрий Барков дар дақиқаи 45+2 ба ҳадаф расонид.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор футболбозони «Истиқлол» дастаи Филиппинро бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 шикаст дода буданд.

Ҳамин тариқ дастаи Тоҷикистон ба даври дигари ин мусобиқа роҳ ёфта, дар бозии финалии байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозиҳои финалии байниминтақавӣ 27 сентябр ва 18 октябр доир мегарданд.

Дар бозиҳои финалии минтақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ