Тоҷикистон машварати САҲА дар Варшаваро комилан сарфи назар кард

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар Машварати САҲА оид ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава ҳузур надорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, иштироки ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раҳбарии Омбудсмени кӯдакони Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар ин машварат аслан ба нақша гирифта нашуда буд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар Машварати САҲА оид ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава ҳузур надорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, иштироки ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раҳбарии Омбудсмени кӯдакони Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар ин машварат аслан ба нақша гирифта нашуда буд.

Ба гуфтаи манбаъ, Омбудсмен зинаи пайвасткунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат буда, вазифадор нест, ки дар чунин чорабиниҳо иштирок кунад ва он ҳам боз ба сифати роҳбари ҳайати ҳукумат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар ҳайати ҳукумат таҳти роҳбарии вазири адлия Рустам Шоҳмурод ҷиҳати пешниҳоди ҳисобот доир ба иҷрои меъёрҳои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Женева қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» саҳеҳ шарҳ дода натавонистанд, ки чаро Душанбеи расмӣ имсол комилан аз иштирок дар машварати САҲА дар Варшава даст кашидааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбе ВАО дар бораи холӣ будани ҷойҳои нишасти ҳайати Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава хабар доданд. Чанд рӯз қабл аз оғози кори машварат АМИТ «Ховар»  аз эҳтимоли комилан баста шудани дафтари ин созмон дар Тоҷикистон маълумот интишор намуд.

Тибқи маълумоти ВАО, ба ҳар ҳол, Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) рӯзи 12 сентябр дар ҳошияи анҷумани САҲА дар Варшава нишастеро пиромуни вазъи маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон доир кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ