Муаррифии якбора се навъи нави телефонҳои ҳушманди Apple

Ширкати амрикоии Apple якбора се навъи нави телефонҳои ҳушманди худ, маъруф ба "айфон"-ро муаррифӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, раиси ширкат Тим Кук iPhone X-ро (манзур аз X рақами римии даҳ аст) "ҷаҳиши бузург"-е аз замони ба фурӯш баромадани нахустин "айфон" номид. Гуфта мешавад, iPhone X сабуктар, бориктар ва равшантар буда, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ширкати амрикоии Apple якбора се навъи нави телефонҳои ҳушманди худ, маъруф ба "айфон"-ро муаррифӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, раиси ширкат Тим Кук iPhone X-ро (манзур аз X рақами римии даҳ аст) "ҷаҳиши бузург"-е аз замони ба фурӯш баромадани нахустин "айфон" номид.

Гуфта мешавад, iPhone X сабуктар, бориктар ва равшантар буда, метавонад барои боз кардани қуфли дастгоҳ ва беҳтар намудани саҳифаи намоиш чеҳраро шиносоӣ кунад. iPhone X 999 доллари ИМА ва бештар аз он арзиш дорад.

Зикр мегардад, ки iPhone 8 ва iPhone 8 Plus аз 699 то 799 доллар, вобаста ба ҳаҷми хотираашон фурӯхта мешаванд.

Ҳар се навъи телефонҳо бе сим нирӯ мегиранд. Айфони "10" 3 ноябр ва "8" каме дертар ба фурӯш хоҳанд баромад.

Ширкати Apple ба ҷуз ин, навъи беҳтари "соатҳои ҳушманд" ва низоми видеостримингро барои телевизионҳои 4K намоиш дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ