Лату кӯби мудирони мактаб аз ҷониби раиси яке аз ноҳияҳои Ӯзбекистон дар навори видео

Дар сомонаи Kun.uz видеои латту кӯби мудирони мактабҳои миёнаи ноҳияи Сайҳунободи Ӯзбекистон аз тарафи раиси ин ноҳия нашр шудааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, марде, ки дар ин навор раиси ноҳияи Сайҳунобод Носирҷон Эгамбердиев муаррифӣ мешавад, мудирони мактабҳоро дар як саф қатор карда, лату кӯб мекунад. "Мудири маорифро монанди саг кашола хоҳам […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар сомонаи Kun.uz видеои латту кӯби мудирони мактабҳои миёнаи ноҳияи Сайҳунободи Ӯзбекистон аз тарафи раиси ин ноҳия нашр шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, марде, ки дар ин навор раиси ноҳияи Сайҳунобод Носирҷон Эгамбердиев муаррифӣ мешавад, мудирони мактабҳоро дар як саф қатор карда, лату кӯб мекунад.

"Мудири маорифро монанди саг кашола хоҳам кард. Вале дар асл ту ҳам гунаҳкор ҳастӣ. Барои чӣ ватани худро эҳтиром намекунӣ?", – фарёд мезанад ин мард. Ӯ ба рӯи яке аз мудирони мактабҳо торсакӣ зада, бо дашному таҳқир дод мезанад, ки "магар истиқлоли давлат истиқлоли шумо нест?! Магар он барои шумо ҷашн нест?!".

https://www.youtube.com/watch?v=I-V3JYLPquw

Kun.uz бо истинод ба манбаи худ мегӯяд, қарор буд Рӯзи истиқлоли Ӯзбекистон дар ноҳияи Сайҳунобод 25 августи соли равон таҷлил карда шавад, вале онро ба рӯзи 27 август ба таъхир андохтанд.

"Дар натиҷа бархе аз мудирони мактабҳо натавонистанд, дубора барои ҷашн, ки ба рӯзи дигар гузошта шуд, одамони худро ҷамъ кунанд. 27 август дар чорабинии бахшида ба Рӯзи истиқлол шумори ками одамон иштирок кард ва раиси вилоят Эгамбердиевро барои дар сатҳи паст таҷлил кардани Рӯзи истиқлол танбеҳ дод ва раиси ноҳия ҳам аз мудирони мактабҳо "қасос" гирифт", – навиштааст Kun.uz.

Носирҷон Эгамбердиев моҳи октябри соли 2016 раиси ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон таъйин шуд. То он замон, ӯ сардори Идораи таҳсилоти махсуси миёна ва касбии вилоят буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ