Сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷиянашро то марг лату кӯб кард

Кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар ҷинояти куштор боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда шаби рӯзи 12-уми сентябр дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон омада, ҷияни ноболиғаш, писарбачаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки  дар […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар ҷинояти куштор боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда шаби рӯзи 12-уми сентябр дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон омада, ҷияни ноболиғаш, писарбачаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки  дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ноболиғ ба хонаи бобояш, пирамарди 78-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба меҳмонӣ омада будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ин мард қаблан бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 177 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ