Тақвияти посбонии бемористоне, ки муҳоҷири латукӯбшудаи тоҷик дар он қарор дорад

Мақомоти пулиси Русия посбонии бемористони №68-и шаҳри Маскавро, ки муҳоҷири тоҷики латукӯбшуда аз ҷониби посбонони маркази савдои «Москва» ба он оварда шуд, пурзӯр кард. Хабаргузории «Интерфакс» менависад, вазъ дар беморхона ва гирду арофи он ором буда, дар қаламрави он ҳудуди 10 нафар кормандони пулис навбатдорӣ мекунанд. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ иттилоъ […]

Asia-Plus

Мақомоти пулиси Русия посбонии бемористони №68-и шаҳри Маскавро, ки муҳоҷири тоҷики латукӯбшуда аз ҷониби посбонони маркази савдои «Москва» ба он оварда шуд, пурзӯр кард.

Хабаргузории «Интерфакс» менависад, вазъ дар беморхона ва гирду арофи он ором буда, дар қаламрави он ҳудуди 10 нафар кормандони пулис навбатдорӣ мекунанд.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ иттилоъ дод, ки ному насаби ҷабрдида қаблан нодуруст зикр шудааст. Шаҳрванди латукӯбшудаи Тоҷикистон Наврӯз Зикиров ном дошта, соли 1990 таваллуд шудааст. Бахтӣ тасдиқ намуд, ки айни замон бемористон зери посбонии Гвардияи Русия қарор гирифта, ба ҳеҷ касе даромадан ба палатаи Зикировро иҷозат намедиҳанд.

«Баъди гуфтугӯ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия ба мо иҷоза доданд, ки назди ӯ дароем. Ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ нест, дар палатаи оддӣ бистарӣ аст. Ташхис дар ҳолати миёна зарб хӯрдани майнаи сарро нишон дода, ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад», – гуфт ба «Азия-Плюс» Сарвар Бахтӣ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аксҳое, ки айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мешаванд, ҳақиқӣ нестанд. «Ин на Наврӯз Зикиров, балки комилан шахси дигар аст. Ӯ шахсан ба ман гуфт, ки касе ӯро баъди лату кӯб ба партовгоҳ напартофтааст ва худаш то назди дарвоза омада, вазъаш бад мешавад. Сипас ёрии таъҷилии тиббиро даъват мекунанд. Наврӯз аллакай бо бародараш гуфтугӯ карда, ӯро ором кард», – мегӯяд Сарвар Бахтӣ.

Ба гуфтаи намояндаи сафорат аз қавли ҷабрдида, Наврӯзро барои муноқишаҳои дохилибозорӣ лату кӯб кардаанд. «Ба гуфтаи ӯ, ҳар як фурӯшанда барои маҳсулоти овардааш бояд ба маъмурияти бозор як миқдор маблағ пардохт кунад. Он рӯз ӯ ба як шаҳрванди Чин барои фаровардани бораш кумак кардааст. Шояд фурӯшанда маблағро пардохт накарда, ё онро фаромӯш кардааст ва аз ин рӯ, посбонон ба ғазаб омада, борро роҳ надодаанд. Сипас ӯро бо он айбдор кардаанд, ки бо соҳиби бор забон як кардааст. Соҳиби бор дар паҳлӯяш набудааст. Баъди ин Наврӯзро лату кӯб мекунанд», – гуфт Бахтӣ.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон ҳамчунин аз шуъбаи пулиси ноҳияи Люблино боздид кардаанд, ки тоҷикистониёни дирӯз боздоштшударо ба он ҷо оварда буданд. Ба гуфтаи Бахтӣ, айни замон он ҷо боз 14 нафари дигар қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.