Моҳи октябр парвозҳо аз Қӯрғонтеппа ба Маскав барқарор мешаванд

Директори Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа Фарҳод Абдурашидзода маълумоти кор накардани фурудгоҳро рад намуда, вале эътироф кард, ки алҳол аз ин ҷо парвозҳо анҷом дода намешаванд. Ҳафтаи сипаришуда чанде аз ВАО дар бораи аз кор бозмондани Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ба рухсатии бемузд фиристодани беш аз 120 нафар кормандонаш хабар доданд. Дар ин фурудгоҳ то 200 […]

Сайраҳмон НАЗРИЕВ, Asia-Plus

Директори Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа Фарҳод Абдурашидзода маълумоти кор накардани фурудгоҳро рад намуда, вале эътироф кард, ки алҳол аз ин ҷо парвозҳо анҷом дода намешаванд.

Ҳафтаи сипаришуда чанде аз ВАО дар бораи аз кор бозмондани Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ба рухсатии бемузд фиристодани беш аз 120 нафар кормандонаш хабар доданд. Дар ин фурудгоҳ то 200 нафар фаъолият мекарданд.

Фарҳод Абдурашидзода қайд кард, ки фурудгоҳ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ҳамеша ба қабули ҳавопаймоҳо омода аст ва аз моҳи июл муваққатан парвозҳо боздошта шуда, аз ин рӯ, қисмате аз кормандон ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.

То моҳи июни соли равон ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-Авиа» бо хатсайри Қӯрғонтеппа – Маскав аз маркази вилояти Хатлон 5 парвоз анҷом медод.

Яке аз сабабҳои аз кор бозмондани фурудгоҳро директор «реҷаи ҳарорат» номида, изҳор намуд, ки мавсими тобистон дар Қӯрғонтеппа ҳарорат хеле баланд шуда, суръати шамоли зарурӣ барои гардиши муҳаррик паст мешавад, ки ба парвози ҳавопаймоҳо мушкилӣ меорад.

– Аз ин рӯ, хати парвоз бояд дарозтар бошад. Хати парвози мавҷуда каме ба меъёрҳо мутобиқат надошт, вале чанде пеш онро ба масофаи 165 метр дарозтар карда, боз 150 метри дигар илова карданием, ки масофаи умумии он аз 2 ҳазору 265 метр ба 2 ҳазору 600 метр мерасад, – иброз дошт ӯ. – Барои дарозтар кардани масофаи хати парвоз моро лозим омад, ки ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Вахш машғул шавем ва аз Фонди дастгирии соҳибкории назди Президенти ҷумҳурӣ барои анҷоми ин корҳо 7 млн. сомонӣ маблағ гирифтем. Ҳамчунин моро Вазорати нақлиёт ва раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода низ дастгирӣ мекунанд.

Сабаби дигарро директор ба фасли тобистон рост омадани мавсими сайёҳӣ унвон карда, иброз дошт, ки ширкати «ВИМ-Авиа» дар ин давра мусофиркашонӣ ба як самти каммусофирро коҳиш додаву ба самти серталаб меафзояд.

Номбурда зикр кард, ки аввали моҳи октябр парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Маскав – Қӯрғонтеппа – Маскав дубора барқарор ва фурӯши билетҳо ба 2 октябр шурӯъ шуда, моҳи октябр иҷрои 20-22 парвоз бо ин хатсайр дар назар аст.

Ба қавли Фарҳод Абдурашидзода, айни замон бо ширкатҳои «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва «Уральские авиалинии» дар мавриди ифтитоҳи хатсайр ба самтҳои Қӯрғонтеппа-Санкт-Петербург, Қӯрғонтеппа – Екатеринбург ва Қӯрғонтеппа-Новосибирск гуфтушунид ҷараён дошта, нақшаи ифтитоҳи хатсайри чартерӣ (алоҳида дар вақти муайян) низ вуҷуд дорад.

Номбурда гуфт, тибқи қарордоди пешакӣ ширкати «Сомон Эйр» сар аз соли 2018 ба анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа оғоз мекунад.

Ӯ мегӯяд, фурудгоҳ шабонарӯзӣ ба қабули 5-6 ҳавопаймо ва зиёдтар аз он имкон дорад ва ҳамаи иншооти зербинои фурудгоҳ дар реҷаи устувор фаъолият мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки раҳбарият лоиҳаи тиҷоратии рушди фурудгоҳро таҳия намуда, ҷиҳати ҷудо кардани қарз барои амалисозии он, бо бонкҳо гуфтушунид дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио