«Сомон Эйр» ба иҷрои парвозҳо аз Кӯлоб ба Москва оғоз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри нави Кӯлоб-Москва оғоз менамояд. Парвози ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Москва ҳафтае 3 маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе ба иҷро мерасанд. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ ва парвози аввалин тавассути ин хатсайр 30 октябр муқаррар шуда, парвозҳо бо […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри нави Кӯлоб-Москва оғоз менамояд.

Парвози ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Москва ҳафтае 3 маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе ба иҷро мерасанд. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ ва парвози аввалин тавассути ин хатсайр 30 октябр муқаррар шуда, парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Боинг 737 амалӣ мегарданд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, аз санаи 30 октябр парвозҳо аз шаҳри Хуҷанд ба Москва ба фурудгоҳи Внуково амалӣ мегарданд.

Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.