Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 сентябри соли равон раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Сафармо Имомзода аз вазифааш озод карда шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин Мамлакат Очилзода аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва Машрабзода Азим Карим аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон бо хоҳиши худаш озод карда шуданд.
Рӯзи 25 сентябр ҳамчунин бо фармони Президенти Тоҷикистон сафири Тоҷикистон дар Австрия Идибек Қаландар ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин карда шуд.



