Зани гаронвазнтарини дунё аз олам даргузашт

Date:

Имон Аҳмад Абдуллоттӣ, ки гаронвазнтарин зани сайёра шинохта мешуд, баъд аз як ҷарроҳӣ барои коҳиши вазн ба ҳалокат расидааст.

Тавре хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳад, ин зани мисрӣ дар беморхонае дар Абу Дабӣ, пойтахти Аморати муттаҳидаи Араб баъди чандин ҷарроҳӣ даргузаштааст.

Гуфта мешавад, Имон Абдулоттӣ дар айни фарбеҳӣ ҳудуди 500 кило вазн дошт. Баъди анҷоми табобат дар Ҳиндустон наздики 200 кило хароб шуда, аммо хоҳари ӯ аз усули табобати табибон изҳори норизоӣ кардааст ва ӯро барои идомаи табобат ба Аморати муттаҳидаи Араб фиристод.

Зимнан зикр мегардад, ки беморхонае, ки Имон онҷо фавтид, дар як изҳорот бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони ӯ гуфтааст, вай таҳти муроқибати беш аз 20 табиби баландихтисос буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...