Оғози марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2017» дар Тоҷикистон

Дар доираи амалиёт ситодҳои фаврӣ ва гурӯҳҳои корӣ нисбати муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташкилкунандагони он, пурзӯр намудани назорат нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд санҷишҳо мегузаронанд. Тавре сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 25 сентябр фармоиши якҷояи ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират […]

Дар доираи амалиёт ситодҳои фаврӣ ва гурӯҳҳои корӣ нисбати муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташкилкунандагони он, пурзӯр намудани назорат нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд санҷишҳо мегузаронанд.

Тавре сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 25 сентябр фармоиши якҷояи ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёти муштараки «Нелегал-2017» ба имзо расида, амалиёт бо қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои мазкур гузаронида мешавад. Амалиёт аз 25-уми сентябр оғоз гардида, то 6-уми октябри соли равон идома меёбад.

Гуфта мешавад, барои самарабахш гузаронидани чорабиниҳо, назорати саривақтӣ ва идораи қувваю воситаҳои дар чорабинӣ ҷалбкардашуда, аз ҳисоби мақомотҳои мазкур дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва воҳидҳои поёнии он ситодҳои оперативӣ таъсис дода шудааст.

Зимнан ёдрас мешавад, ки мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ҳар сол дар ду марҳила, моҳҳои май-июн ва сентябр-октябр чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, таҳти унвони шартии «Нелегал» гузаронида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.