Иҷозаи бозгашти афсарони мустаъфии Тоҷикистон ба хизмат

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро қабул кард, ки мувофиқи он, афсарони мустаъфии сохторҳои қудратӣ барои бозгашт ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ пайдо карданд. Ба гуфтаи муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров, ба афсарони соҳибкасбу ҳирфаӣ, ки қаблан бо сабабҳои гуногун ихтиёрӣ хизматро тарк […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро қабул кард, ки мувофиқи он, афсарони мустаъфии сохторҳои қудратӣ барои бозгашт ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ пайдо карданд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров, ба афсарони соҳибкасбу ҳирфаӣ, ки қаблан бо сабабҳои гуногун ихтиёрӣ хизматро тарк кардаанд, чунин ҳуқуқ дода мешавад.

«Шахсоне, ки шаъну шарафи хизмати ҳарбиро бадному доғдор кардаанд ва бо сабабҳои манфӣ аз кор озод шудаанд, дигар дар хизмат барқарор намешаванд», – гуфт Умаров.

Парлумон имрӯз ҳамчунин Созишномаи моҳи сентябри соли 2015 дар Душанбе баимзорасидаро дар бораи ҳамкории кишварҳои узви СААД дар соҳаи ҳамлу нақли воҳидҳои ҳарбӣ ва дигар воҳидҳо, амволи манқул ва ғайриманқули онҳо, ҳамчунин маҳсулоти таъиноти низомӣ тасдиқ намуд.

Ба гуфтаи вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, дар партави бадшавии вазъи низомиву сиёсӣ дар аксари кишварҳои дунё, созишномаи мазкур барои Тоҷикистон муҳим аст. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мувофиқи бандҳои созишнома, посбонии роҳҳои оҳани кишварҳои узви СААД-ро Вазорати мудофиаи Русия ба уҳда мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.