Омодагирӣ ҷиҳати маъракаи барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон  Комиссияи давлатии барӯйхатгирии аҳолӣ таъсис дода шуд. Баргузории ин маърака соли 2020 пешбинӣ шудааст. Комиссияи мазкур бар асоси қарори ҳукумат таъсис ёфта, ҳамчунин ба омодагӣ ва баргузор намудани барӯйхатгирии фонди манзили Тоҷикистон низ мусоидат мекунад. Фармони Президент «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020» моҳи […]

Дар Тоҷикистон  Комиссияи давлатии барӯйхатгирии аҳолӣ таъсис дода шуд. Баргузории ин маърака соли 2020 пешбинӣ шудааст.

Комиссияи мазкур бар асоси қарори ҳукумат таъсис ёфта, ҳамчунин ба омодагӣ ва баргузор намудани барӯйхатгирии фонди манзили Тоҷикистон низ мусоидат мекунад. Фармони Президент «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020» моҳи октябри соли 2015 ба имзо расид.

Ин маърака аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ ва грантҳои созмонҳои байнулмилалӣ маблағгузорӣ шуда, пеш аз ин соли 2018 дар шаҳри Норак, ҳамчнуин маҳаллаҳои 64 ва 91-уми пойтахт ба таври озмоишӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Ба инобат гирифтани воситаҳои зарурӣ дар моддаи ҷудогонаи буҷетҳои маҳаллӣ пешбинӣ мегардад.

Ёдрас мекунем, ки бори охир барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон соли 2010 доир гардид. То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар зиёдтар аст. Ба аввали соли 2017 шумори аҳолии Тоҷикистон наздики 8,8 млн. нафар арзёбӣ мешавад.

Барои баргузор намудани ин маърака он замон аз буҷети давлатӣ 27 млн. сомонӣ (беш аз 6,1 млн. доллар) маблағ ҷудо гардида, ба кор дар он зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷалб шуданд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳар як 10 сол гузаронида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.