Помир бори дигар ба феҳристи 100 макони беҳтарини экотуризм шомил гардид

Қурбон Аламшоев, Asia-Plus

Минтақаи баландкӯҳи Помири Тоҷикистон ба рейтинги ҷаҳонии "100 green destinations" – «100 самти глобалии устувор» (The Sustainable Destinations Top 100) шомил гардид. Дар ин бора санаи 27 сентябр дар Рӯзи байнулмилалии сайёҳӣ (туризм) дар шаҳри Кашкайше (Португалия) хабар дода шуд.

Мувофиқи рӯйхати ғолибони рейтинг, миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо Тоҷикистон дар ин номинатсия ҳузур дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси Шӯрои мудирони Ассотсиатсияи экологӣ ва фарҳангиу сайёҳии Помир (ПЭКТА) Кишвар Абдулалишоев хабар дод, шомил гардидани Помир ба ин феҳрист аз эътирофи минтақа ба сифати яке аз беҳтарини самтҳои сайёҳии экологӣ гувоҳӣ медиҳад.

«Помир пайдарпай бори сеюм аст, ки ба шумори «Тор 100» беҳтарин макони устувор ва сабз барои сайёҳии ҷаҳонӣ дохил мешавад, – гуфт ӯ. – Соли гузашта Кӯҳҳои Помир (Pamir Mountains), водии Вахон ва дараи Бартанг низ дар ин рӯйхат ҳузур доштанд».

Бино ба маълумоти таҳиягарони рейтинг, самтҳои сабз ва устувор аз рӯи манзараҳои табиат, муҳити зист ва иқлим, фарҳангу расму оин, рафтори одамон ва меҳмоннавозӣ, ҳамчунин идоракунии устувории нуқтаи таъинот интихоб карда мешаванд.

Ба гуфтаи К.Абдулалишоев, ба ин феҳрист шомил гардидани Помир ба таваҷҷуҳи бештари туризми ҷаҳонӣ ба тамоми Тоҷикистон мусоидат намуда, барои рушди ин соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин замина шароити мусоид фароҳам меоварад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...