Ба президенти Туркманистон велосипеди тиллоӣ туҳфа карданд

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов мураббиён, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размиро бо туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонид. Бино ба иттилои хабаргузории «Открытая Азия онлайн», дар навбати худ варзишгарон ба сарвари давлат дучарха (велосипед)-и тиллоӣ туҳфа карданд. Президент изҳор дошт, ки ин туҳфаи арзишмандро ба осорхона тақдим мекунад. Дар Бозиҳои V […]

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов мураббиён, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размиро бо туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонид.

Бино ба иттилои хабаргузории «Открытая Азия онлайн», дар навбати худ варзишгарон ба сарвари давлат дучарха (велосипед)-и тиллоӣ туҳфа карданд. Президент изҳор дошт, ки ин туҳфаи арзишмандро ба осорхона тақдим мекунад.

Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 17 то 27 сентябр дар Ашқобод доир гардиданд, варзишгарони Туркманистон 245 медал ба даст оварданд, ки 89-тоаш тилло, 70-тоаш нуқра ва 86-тоаш биринҷӣ мебошад.

Аз номи президенти Туркманистон ғолибони Бозиҳо аз Турманистон – бо автомашинаҳои Toyota Camry GL Executive; дорандагони медалҳои нуқра – бо 5 ҳазор доллар мукофотпулӣ; медалҳои биринҷӣ – бо 3 ҳазор доллар мукофопулӣ ва мураббиёни ғолибону ҷоизадорон – бо автомобилҳои Toyota Camry GL Executive қадршиносӣ шуданд.

Ғайр аз ин, Президенти Туркманистон шахсан ваъда дод, ки ба варзишгароне, ки ба дастовардҳои беназир ноил мегарданд, дар биноҳои замонавии бароҳат манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.