Лавров: ҳаҷми сармоягузории Русия ба кишварҳои ОМ ҳудуди 20 млрд. долларро ташкил медиҳад

Asia-Plus

Дар нашрияи «Российская газета» вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба муносибати 25-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ибрози назар кард.

Ӯ изҳор намудааст, ки Русия бо ҳамаи кишварҳои минтақа муносибатҳои шарикии стратегӣ дошта, бо талошҳои муштарак заминаи қобили мулоҳизаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва муколамаи боэътимод ташкил гардида, дар маҷмӯъ ҳамкории зичу бисёрҷабҳа роҳандозӣ шудааст.

«Байни кишварҳои мо робитаҳои амиқи сохтории тиҷоративу иқтисодӣ вуҷуд дошта, ҳаҷми сармоягузории Русия ба кишварҳои минтақа наздики 20 млрд. долларро ташкил медиҳад», – қайд кардааст Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз 7,5 ҳазор корхонаҳои Русия ва муштарак бо ин давлатҳо фаъолият дошта, танҳо давоми солҳои 2013-2016 муҳоҷирони кории ин кишварҳо аз Русия ба ватанашон беш аз 37 млрд. доллар маблағ фиристодаанд.

«Дар Русия 150 ҳазор нафар донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳсил карда, наздики 46 ҳазор нафар аз ҳисоби воситаҳои буҷети федералии Русия идрорпулӣ (стипендия) мегиранд», – қайд кардааст ӯ.

Сергей Лавров зикр кардааст, ки моҳи августи соли равон 28 нафар омӯзгорони Русия барои кор ба мактабҳои Тоҷикистон фиристода шуда, ба ин кишвар 60 ҳазор адад китобҳои дарсии забони русӣ дода шуд.

«Русия ҷонибдори рушду шукуфоии кишварҳои минтақа, ҳамкории бисёрҷониба бо онҳо аст. Бо истифода аз фурсат ба мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ солимиву хушбахтӣ ва комёбиҳо таманно мекунам», – афзудааст вазири корҳои хориҷии Русия.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...