Лавров: ҳаҷми сармоягузории Русия ба кишварҳои ОМ ҳудуди 20 млрд. долларро ташкил медиҳад

Дар нашрияи «Российская газета» вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба муносибати 25-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ибрози назар кард. Ӯ изҳор намудааст, ки Русия бо ҳамаи кишварҳои минтақа муносибатҳои шарикии стратегӣ дошта, бо талошҳои муштарак заминаи қобили мулоҳизаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва муколамаи боэътимод ташкил гардида, дар маҷмӯъ ҳамкории зичу […]

Дар нашрияи «Российская газета» вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба муносибати 25-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ибрози назар кард.

Ӯ изҳор намудааст, ки Русия бо ҳамаи кишварҳои минтақа муносибатҳои шарикии стратегӣ дошта, бо талошҳои муштарак заминаи қобили мулоҳизаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва муколамаи боэътимод ташкил гардида, дар маҷмӯъ ҳамкории зичу бисёрҷабҳа роҳандозӣ шудааст.

«Байни кишварҳои мо робитаҳои амиқи сохтории тиҷоративу иқтисодӣ вуҷуд дошта, ҳаҷми сармоягузории Русия ба кишварҳои минтақа наздики 20 млрд. долларро ташкил медиҳад», – қайд кардааст Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз 7,5 ҳазор корхонаҳои Русия ва муштарак бо ин давлатҳо фаъолият дошта, танҳо давоми солҳои 2013-2016 муҳоҷирони кории ин кишварҳо аз Русия ба ватанашон беш аз 37 млрд. доллар маблағ фиристодаанд.

«Дар Русия 150 ҳазор нафар донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳсил карда, наздики 46 ҳазор нафар аз ҳисоби воситаҳои буҷети федералии Русия идрорпулӣ (стипендия) мегиранд», – қайд кардааст ӯ.

Сергей Лавров зикр кардааст, ки моҳи августи соли равон 28 нафар омӯзгорони Русия барои кор ба мактабҳои Тоҷикистон фиристода шуда, ба ин кишвар 60 ҳазор адад китобҳои дарсии забони русӣ дода шуд.

«Русия ҷонибдори рушду шукуфоии кишварҳои минтақа, ҳамкории бисёрҷониба бо онҳо аст. Бо истифода аз фурсат ба мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ солимиву хушбахтӣ ва комёбиҳо таманно мекунам», – афзудааст вазири корҳои хориҷии Русия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.