Оғози фаъолияти сафири тозатаъини Олмон дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссингро ба муносибати супоридани нусхаи эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои  минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд. Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот Сироҷидин […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссингро ба муносибати супоридани нусхаи эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои  минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот Сироҷидин Аслов ба Найтхарт Хёфер-Виссинг дар фаъолияти минбаъдаи касбиаш муваффақият таманно кард.

То таъин шудан ба ин вазифа (то нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ) Найтхарт Хёфер-Виссинг ба ҳайси сафири Олмон дар Ӯзбекистон кор мекард. Қаблан дар мансабҳои консули генералӣ дар Новосибирск ва корманди сафорат дар Русия ифои вазифа кардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.