ИМА ва Туркия додани ҳама гуна навъи раводидро ба шаҳрвандонашон қатъ карданд

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сафорати ИМА дар шаҳри Анқара эълом кард, ки додани ҳама гуна навъи раводид (виза)-ро ба шаҳрвандони Туркия, ба ҷуз аз визаи муҳоҷират қатъ намуд. Сафорати Туркия дар шаҳри Вашингтон низ баъди чанд соат изҳороти ҳамсонеро нашр кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, тасмими ИМА дар посух ба боздошти корманди консулгарии Амрико дар шаҳри Истамбул гирифта шуд. Сафорат мегӯяд, то замоне, ки ҷониби Туркия амнияти ҳайати дипломатии Амрикоро монанди пешин кафолат надиҳад, ба ягон шаҳрванди ин кишвар раводид дода нахоҳад шуд.

Муносибатҳои ИМА ва Туркия баъди ҷонибдории Вашингтон аз курдҳои Сурия – ҳампаймонони Ҳизби коргарони Курдистон сард шудаанд, ки Анқара онро созмони террористӣ эълом кардааст.

Фазои дипломатии ду кишвар низ баъди он бад шуд, ки Анқара – узви НАТО низоми мушакии Русияро харид ва талошҳояш барои истирдоди мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен аз ИМА натиҷае надоданд. Анқара Гюленро дар ташкили табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 дар Туркия айбдор мекунад.

Дипломати амрикоӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Истамбул боздошт шуд, ба ҷосусӣ ва робитаи пинҳонӣ бо Гюлен айбдор мешавад. Департаменти давлатии ИМА айби эъломнамудаи ҷониби Туркияро “исботнашуда” номид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...