Шаҳрвандони аз садама осебдидаи Ӯзбекистон ба ватан расонида шуданд

Ҳавопаймои низомии вазорати мудофиаи Ӯзбекистон субҳи 8 октябр шаҳрвандонеро, ки дар садамаи нақлиётии вилояти Владимири Русия зарар дида буданд, ба Ӯзбекистон овард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳавопаймо ҷасади кушташудаҳоро низ ба Ӯзбекистон интиқол дод. Дар дохили ҳавопаймои "Ил-76" 36 зарардидаи садама ва 5 пайванди онҳо ҳузур доштанд. Ҳавопаймо дар фурудгоҳи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳавопаймои низомии вазорати мудофиаи Ӯзбекистон субҳи 8 октябр шаҳрвандонеро, ки дар садамаи нақлиётии вилояти Владимири Русия зарар дида буданд, ба Ӯзбекистон овард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳавопаймо ҷасади кушташудаҳоро низ ба Ӯзбекистон интиқол дод.

Дар дохили ҳавопаймои "Ил-76" 36 зарардидаи садама ва 5 пайванди онҳо ҳузур доштанд. Ҳавопаймо дар фурудгоҳи Термиз ба замин нишаст. 22 сокини вилояти Сурхандарё ва ҷасади 15 фавтидаи дигар дар ин фурудгоҳ фароварда шуд.

Се зарардидаи дигар, аз ҷумла як духтарчаи панҷсола дар беморхонаи вилояти Владимири Русия бистарӣ шуданд. Онҳо баъди беҳбуд ёфтан ба ватан бармегарданд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 6 октябр дар вилояти Владимир қатори Санкт-Петербург – Нижний Новгород бо автобуси мусофирбар, ки дар роҳи оҳан дармонда буд, бархурд. Дар натиҷа 17 мусофир кушта шуд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд.

Дар ин садама ронандаи автобус, ки шаҳрванди Қазоқистон буд, низ фавтид. Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, автобуси мазкур иҷозатномаи мусофиркашониро дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.