ИМА ва Туркия додани ҳама гуна навъи раводидро ба шаҳрвандонашон қатъ карданд

Сафорати ИМА дар шаҳри Анқара эълом кард, ки додани ҳама гуна навъи раводид (виза)-ро ба шаҳрвандони Туркия, ба ҷуз аз визаи муҳоҷират қатъ намуд. Сафорати Туркия дар шаҳри Вашингтон низ баъди чанд соат изҳороти ҳамсонеро нашр кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, тасмими ИМА дар посух ба боздошти корманди консулгарии Амрико дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сафорати ИМА дар шаҳри Анқара эълом кард, ки додани ҳама гуна навъи раводид (виза)-ро ба шаҳрвандони Туркия, ба ҷуз аз визаи муҳоҷират қатъ намуд. Сафорати Туркия дар шаҳри Вашингтон низ баъди чанд соат изҳороти ҳамсонеро нашр кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, тасмими ИМА дар посух ба боздошти корманди консулгарии Амрико дар шаҳри Истамбул гирифта шуд. Сафорат мегӯяд, то замоне, ки ҷониби Туркия амнияти ҳайати дипломатии Амрикоро монанди пешин кафолат надиҳад, ба ягон шаҳрванди ин кишвар раводид дода нахоҳад шуд.

Муносибатҳои ИМА ва Туркия баъди ҷонибдории Вашингтон аз курдҳои Сурия – ҳампаймонони Ҳизби коргарони Курдистон сард шудаанд, ки Анқара онро созмони террористӣ эълом кардааст.

Фазои дипломатии ду кишвар низ баъди он бад шуд, ки Анқара – узви НАТО низоми мушакии Русияро харид ва талошҳояш барои истирдоди мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен аз ИМА натиҷае надоданд. Анқара Гюленро дар ташкили табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 дар Туркия айбдор мекунад.

Дипломати амрикоӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Истамбул боздошт шуд, ба ҷосусӣ ва робитаи пинҳонӣ бо Гюлен айбдор мешавад. Департаменти давлатии ИМА айби эъломнамудаи ҷониби Туркияро “исботнашуда” номид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.