Вазири корҳои дохилӣ Федератсияи шиновариро ба роҳбарӣ гирифт

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси» дар Душанбе рӯзи 7 октябр конфронси ғайринавбатии ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода роҳбари ин Федератсия интихоб шуда, айни замон ҷараёни дарёфту интихоби кадрҳо барои дастгоҳи иҷроияи Федератсия идома дорад.

Генерал-майори милитсия Рамазон Раҳимзода дорои унвони Арбоби шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶТ, номзад ба устодӣ дар соҳаи шоҳмот мебошад. Таҳти сарварии ӯ фаъолияти ҷамъияти варзишии «Динамо» хеле ҷоннок гардид.

Ба гуфтаи ходими соҳаи варзиш Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ, интихоби роҳбари ВКД ба ҳайси раиси Федератсияи шиноварӣ, ки яке аз навъҳои муҳими олимпӣ аст, натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳад овард.

«То ин дам ба шиноварӣ ҳамчун навъи варзиш таваҷҷуҳи начандон кофӣ зоҳир мешуд. Аз рӯи ин навъи варзиш намояндагони Тоҷикистон на мувофиқи натиҷаҳо, балки танҳо тибқи квота роҳхат мегирифтанд. Акнун ин навъи варзиш аз дастгирии кофӣ бархӯрдор шуда, дар Раёсати Федератсия тартиботи зарурӣ ҷорӣ мешавад», – қайд кард Рустамова.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷамъияти варзишии «Динамо» айни замон барои омодагии захираҳои олимпӣ аз рӯи навъи шиноварӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ба қавли Зебуннисо Рустамова, дар баробари намояндагони Кумитаи ҷавонону варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ӯ ҳам ба конфронси мазкур даъват шуда буд.

Қобили зикр аст, ки то ин замон Федератсияи шиноварии Тоҷикистонро яке аз дӯстдорони варзиш Ҳайдар Иброҳимов сарварӣ дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...