Гузаргоҳи марзии Панҷакент – Самарқанд баста боқӣ мемонад

Маълумоти чанде аз ВАО дар бораи оғози фаъолияти гузаргоҳи марзӣ дар қитъаи сарҳади Панҷакент – Самарқанд асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, гурӯҳҳои кории ҳукумати ду кишвар айни замон ин масъаларо мавриди баррасиву таҳлил қарор додаанд. Сокинони шаҳри Панҷакент ба «Азия-Плюс» дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маълумоти чанде аз ВАО дар бораи оғози фаъолияти гузаргоҳи марзӣ дар қитъаи сарҳади Панҷакент – Самарқанд асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, гурӯҳҳои кории ҳукумати ду кишвар айни замон ин масъаларо мавриди баррасиву таҳлил қарор додаанд.

Сокинони шаҳри Панҷакент ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон марз пурра баста буда, дар қаламрави ҳарду кишвар сохтмони терминалҳои гумрукӣ, истгоҳи автомашинаҳо ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ босуръат ҷараён дорад.

Ёдрас мекунем, ки Ӯзбекистон ҷониби Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки аз 1 ноябри соли 2010 фаъолияти гузаргоҳи байнулмилалии Саразм дар водии Зарафшони Тоҷикистон ва мавзеи Ҷартеппаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон боздошта мешавад.

Дар номаи ба унвони Тоҷикистон фиристода зикр гардида буд, ки дар ин қитъаи марз ҳам равуои шаҳрвандон ва ҳам боркашионӣ мутаваққиф мегардад. Он замон ҷониби Ӯзбекистон сабаби ин амалро шарҳ надода буд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон шабонарӯзӣ ду гузарогоҳи байнулмилалӣ – шаҳри Турсунзода – Сариосиё ва ноҳияи Мастчоҳ – Ойбек амал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.