«Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» билети хатсайри Душанбе – Тошкандро арзон кард

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» арзиши билети хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошкандро поин бурд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар ин робита хабар доданд, нархи билети ин хатсайр беш аз 200 сомонӣ кам карда шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд 1010 сомониро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» арзиши билети хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошкандро поин бурд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар ин робита хабар доданд, нархи билети ин хатсайр беш аз 200 сомонӣ кам карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд 1010 сомониро ташкил медиҳад. Поинравии арзиш билет ба ин хатсайрро раҳбарияти  ширкат ҷалби шумори бештари мусофирон маънидод кардаанд.

Дар робита ба имкони аз фурудгоҳи Тошканд ба шаҳрҳои дигар парвоз кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, дар намояндагии ширкати ӯзбекистонӣ изҳор намуданд, ки дар минтақаи транзити фурудгоҳи Тошканд мусофирони тоҷик метавонанд бидуни раводид 24 соат ҳузур дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки парвози нахустин тариқи ин хатсайр санаи 11 апрели соли равон сурат гирифта, ширкати ӯзбекистонӣ ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ин парвозҳоро анҷом медод, вале баъдан танҳо як парвоз рӯзи сешанбе сурат мегирифт.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода сабаби камшавии шумори парвозҳо тавассути ин хатсайрро кам будани мусофирон унвон кард ва қаблан дар худи ширкати ҳавопаймоӣ низ ҳамин сабабро зикр карда буданд.

Парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистонро бояд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба анҷом мерасонид, вале ҳоло ин парвозҳо оғоз нагардидааст.

«Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо омодагӣ гирифта, ба корҳои сабти намояндагии худ дар Тошканд машғул аст ва агар талаботи кофии мусофирон пайдо шавад, шояд ширкат ба анҷоми парвозҳо оғоз намояд», – гуфта буд вазир.

Қобили зикр аст, ки қаблан арзиши билет ба самти Тошканд ба 1230 сомонӣ (140 доллар) баробар буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.