Вазири корҳои дохилӣ Федератсияи шиновариро ба роҳбарӣ гирифт

Дар меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси» дар Душанбе рӯзи 7 октябр конфронси ғайринавбатии ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон доир гардид. Дар он вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода роҳбари ин Федератсия интихоб шуда, айни замон ҷараёни дарёфту интихоби кадрҳо барои дастгоҳи иҷроияи Федератсия идома дорад. Генерал-майори милитсия Рамазон Раҳимзода дорои унвони Арбоби шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶТ, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси» дар Душанбе рӯзи 7 октябр конфронси ғайринавбатии ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода роҳбари ин Федератсия интихоб шуда, айни замон ҷараёни дарёфту интихоби кадрҳо барои дастгоҳи иҷроияи Федератсия идома дорад.

Генерал-майори милитсия Рамазон Раҳимзода дорои унвони Арбоби шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶТ, номзад ба устодӣ дар соҳаи шоҳмот мебошад. Таҳти сарварии ӯ фаъолияти ҷамъияти варзишии «Динамо» хеле ҷоннок гардид.

Ба гуфтаи ходими соҳаи варзиш Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ, интихоби роҳбари ВКД ба ҳайси раиси Федератсияи шиноварӣ, ки яке аз навъҳои муҳими олимпӣ аст, натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳад овард.

«То ин дам ба шиноварӣ ҳамчун навъи варзиш таваҷҷуҳи начандон кофӣ зоҳир мешуд. Аз рӯи ин навъи варзиш намояндагони Тоҷикистон на мувофиқи натиҷаҳо, балки танҳо тибқи квота роҳхат мегирифтанд. Акнун ин навъи варзиш аз дастгирии кофӣ бархӯрдор шуда, дар Раёсати Федератсия тартиботи зарурӣ ҷорӣ мешавад», – қайд кард Рустамова.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷамъияти варзишии «Динамо» айни замон барои омодагии захираҳои олимпӣ аз рӯи навъи шиноварӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ба қавли Зебуннисо Рустамова, дар баробари намояндагони Кумитаи ҷавонону варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ӯ ҳам ба конфронси мазкур даъват шуда буд.

Қобили зикр аст, ки то ин замон Федератсияи шиноварии Тоҷикистонро яке аз дӯстдорони варзиш Ҳайдар Иброҳимов сарварӣ дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.