Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад; – Дар Душанбе Фестивали «Ҳафтаи Аврупо» оғоз меёбад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.7967 сомонӣ; 1 евро – 10.3731 сомонӣ; 1 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад;

– Дар Душанбе Фестивали «Ҳафтаи Аврупо» оғоз меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7967 сомонӣ;

1 евро – 10.3731 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1489 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1492 – Колумб Амрикоро ифтитоҳ намуд, ҳарчанд гумон мекард, ки ба соҳилҳои Ҳиндустон расидааст.

1933 – Дар Душанбе Боғи ботаникӣ (феълан Боғи Ирам) кушода шуд.

1960 — Дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк Никита Хрушёв ба нишони эътироз алайҳи интиқоди Иттиҳоди Шӯравӣ пойафзоли худро кашида, бо он ба миз задан гирифт.

2010 — Дастаҳои мусаллаҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Мулло Сайриддин иборат аз 27 нафар таслим ва ба сафҳои нерӯҳои ҳукуматӣ пайвастанд.

2011 — Парлумон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи коррупсия» тағйирот ворид намуд, ки мутобиқи он минбаъд ба роҳбарони корхонаву идораҳои давлатӣ ба кор гирифтани домод ва келинҳо манъ шуд.

2011 — Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров аз олам даргузашт.

1873-1958 – Зодрӯзи муаррих, академики АИ Тоҷикистон Александр Семёнов.

1902 – 1973 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон, муаллифи китоби «Нисо» Павел Лукницкий.

1912-1975 – Зодрӯзи оҳангсоз Михаил Муравен.

1922 – Мавлуди доктори улуми таърих Ҳамид Гадоев.

1944 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Ғиёсиддин Мироҷев.

1953-2007 – Мавлуди оҳангсоз Талабхӯҷа Сатторов.

1954-2000 – Зодрӯзи нависанда Искандари Хатлонӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +15+20.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +19+24. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +27+29.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +20+22.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.