Ҳалокати муаллими Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд зери чархи автомашина

Охири ҳафтаи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар 3 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, 20-уми октябри соли 2017, тахминан соати 20:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷобиров Зокир Салимович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ситораи н.Ҳисор […]

Охири ҳафтаи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, 20-уми октябри соли 2017, тахминан соати 20:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷобиров Зокир Салимович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ситораи н.Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Бобониёзов Умедҷон Ҳамроҳқулович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.Дар натиҷа пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, 21-уми октябри соли 2017, тахминан соати 15:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Караван”, Раҳимзода Неъматҷон, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Тоҷикободи ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрони ноболиғ, Абосхонзода Хушрӯз, соли таваллудаш 2001, сокини деҳаи Тоҷикободро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, 22-юми октябри соли 2017, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нурбоев Шуҳрат Яҳёевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди ш.Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ғозиев Тоҳирҷон Нурматович, соли таваллудаш 1958, устоди Коллеҷи Омӯзгории ш.Хуҷандро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Ғозиев Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.