«Агроинвестбонк» 1,5 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо мақсади солимгардонии вазъи кор, ба яке аз бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон – «Агроинвестбонк» лозим омад, ки 75 фоизи кормандонашро сабукдӯш кунад.

Аз департаменти таҳлил ва ҳамоҳангсозии филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи санади қабулшуда барои солҳои 2017-2019 дар ин самт, талаботи коҳиши хароҷоти бонк, ки ба таъмини шабакаи филилаҳо, ҳайати кормандон ва дигар моддаҳои хароҷот марбутанд, муқаррар шудааст.

«Ҳамин тариқ, аз оғози сол фаъолияти 103 марказҳои хизматгузории бонкӣ, 5 филиал ва 1 департаменти амалиётӣ боздошта шуд, ки ба туфайли он хароҷот, аз ҷмула коммуналӣ ба таври назаррас кам шуд, – гуфт манбаъ. – Шумори ихтисори кормандони бонк дар ин давра 1520 нафарро ташкил дода, ба санаи 1 октябр ҳайати шахсии кормандони бонк 524 нафар боқӣ монд».

Ба иттилои манбаъ, кормандон музди меҳнатро саривақт гирифта, маош коҳиш наёфтааст, зеро бо назардошти хеле кам шудани ҳайати кормандон, ба ҳайати шахсии боқимонда сарбории корӣ зиёдтар шуд, вале аз соли ҷорӣ  пардохти ҳама гуна иловапулиҳо ба кормандони бонк мутаваққиф шудааст.

Айни замон дар «Агроинвестбонк» оид ба мубодилаи асъор, интиқоли маблағ, нигаҳдории чизҳои арзишманд дар сейфҳо, амалиёти марбут ба пардохти қарз , амонатҳо ва ғайра амалиётҳо анҷом дода мешаванд.

«Бо мақсади коҳиши хароҷот, ҳамчунин мутобиқи тавсияҳои Ширкати байнулмилалии консалтингии «Alvarez&Marsal», аз моҳи июл пардохти фоизҳо ба амонатҳои таъҷилӣ боздошта шуда, пардохти воситаҳо ба саҳмдорон марҳила ба марҳила дар ҳудуди имконоти мавҷуда ва мувофиқи рӯйхат сурат мегирад», – қайд карданд дар бонк.

Қобили зикр аст, ки мизоҷони бонк дар як рӯз метавонанд тариқи кортҳои пластиии бонк то 500 сомонӣ маблағ гиранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...