Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе идома меёбад, ки дар он дастаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаву муассиса ва дигар сохторҳои пойтахт иштирок мекунанд. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.7865 сомонӣ; 1 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе идома меёбад, ки дар он дастаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаву муассиса ва дигар сохторҳои пойтахт иштирок мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7865 сомонӣ;

1 евро – 10.3839 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1499 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Дар Суғд ба хотираи ёдбуди нахустин омӯзгорони рус, ки замони барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ ба Хуҷанд барои маҳви бесаводӣ омада буданд, муҷассама ифтитоҳ гардид.

1956 – Зодрӯзи собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +19+21.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.