Изҳори сипоси вазири беларус ба ҳамтои тоҷики худ

Аз вазири иттилооти Беларус Александр Карлюкевич ба унвони вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, нома ба Вазорати фарҳанг ва шахсан вазир барои таваҷҷуҳу эътибор, ки нисбат ба ҳайати Вазорати иттилооти Беларус  зимни баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» зоҳир гардид, миннатдорӣ изҳор шудааст. «Барномаи рангоранги намоишгоҳ […]

Asia-Plus

Аз вазири иттилооти Беларус Александр Карлюкевич ба унвони вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, нома ба Вазорати фарҳанг ва шахсан вазир барои таваҷҷуҳу эътибор, ки нисбат ба ҳайати Вазорати иттилооти Беларус  зимни баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» зоҳир гардид, миннатдорӣ изҳор шудааст.

«Барномаи рангоранги намоишгоҳ имкон дод, ки ҳайати мо бо дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи табъу нашр ва полиграфия пурра шинос гарданд»,- омадааст дар матни нома.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми нома Александр Карлюкевич изҳори бовар намудааст, ки иштироки ҷонибҳо дар чунин чорабиниҳои муҳим минбаъд низ ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва дўстии ду кишвар мусоидат менамоянд.

Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» охири моҳи октябр дар пойтахти кишвар баргузор шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ