Иҷрои пешазмуҳлати нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Душанбе

Шоми рӯзи 8 ноябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафҳои ҚувваҳоиМусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба иҷро расид. Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикиситон полковник Фаридун Маҳмадализода, аллакай пайдарпай муддати се сол аст, ки ҳамаи ноҳияҳои пойтахт иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро пеш азмуҳлат иҷро мекунанд ва ин […]

Asia-Plus

Шоми рӯзи 8 ноябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафҳои ҚувваҳоиМусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба иҷро расид.

Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикиситон полковник Фаридун Маҳмадализода, аллакай пайдарпай муддати се сол аст, ки ҳамаи ноҳияҳои пойтахт иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро пеш азмуҳлат иҷро мекунанд ва ин гувоҳи он аст, ки «тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар шаҳр мутобиқи дастурҳои президенти Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст».

Ёдрас мекунем, ки то имрӯз нақшаи даъват дар ВМКБ – 98%,  вилояти Суғд – 97%, Хатлон – 94% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 84% ба иҷро расида, дар саросари кишвар иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беш аз 94%-ро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон анҷоми маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пеш аз муҳлат – то 15 ноябр ба нақша гирифтааст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ