Дар ҷалби мушовирон барои баргузории ислоҳот БМТ ба кумак ниёз дорад

Шуъбаи матбуоти БМТ

Бо иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳайати намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, намояндагии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки Рушди Олмон дар робита ба масъалаҳои сиёсати монетарию қарзӣ, тадқиқот ва рушди БМТ мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи ҳозиронро ба ислоҳоту навовариҳо, ба мисоли истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум (Inflation targeting), ки давоми ду соли охир раванди татбиқшавӣ дорад, ҷалб намуд. Номбурда зимни суханронии худ таъкид намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шудааст, вале дар баробари ин зарурат ба кумаки техникӣ, аз ҷумла ҷалби мушовирони таҷрибадор ҷой дорад. 

Дар идомаи машварат аз ҷониби Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди БМТ дар мавзӯи “Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум”, яъне нақшаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, дурнамо ва такмили он, ҷараёни ташаккули сиёсати монетарӣ, воситаҳои таъсиррасони сиёсати монетарӣ, нақши равобит бо ҷомеа тавассути ВАО, аз ҷумла тақвият бахшидани доираи фаъолияти бахши матбуот ва васеъ кардани сохтори он, татбиқи сиёсати асъорӣ, амалиётҳои монетарӣ, талаботҳои захиравӣ, бозори пул ва коғазҳои қиматнок, пешбинӣ намудани пардохтпазирӣ муаррифинома пешниҳод гардид.

Зимни муаррифӣ, ки аз ҷониби мутахассисони шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозии Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд (Самандарзода Наврӯз – сардори шуъба, Салимов Муҳаммад – мутахассиси пешбар, Мурватов Бобур – мутахассиси дараҷаи 1) пешниҳод карда шуд, масъалаи пешбурди сиёсати монетарӣ ва саҳми бонкҳои марказӣ дар рушди он, татбиқи он дар пайвастагӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, таъсири омилҳои беруна ба сиёсати монетарӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайричашмдошт, татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ҳангоми гузаронидани ислоҳот, зарурат ва тартиби гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, имкониятҳои дар дастдошта ва шартҳои расидан ба ҳадафи мазкур ва нақши муҳимми равобит (коммуникатсия) дар таҳким бахшидани сиёсати монетарӣ баррасӣ гардида, диққати иштирокдорон ба масоили тақвият бахшидани раванди таҳия ва татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи нави монетарӣ – ҳадафгирии таваррум нигаронида шуд.

Дар қисмати муҳокимаронӣ ҳайати намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ аз сатҳи ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дар қисмати муаррифӣ ба масъалаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, таҳкимёбии фишангҳо, аз ҷумла истифодаи фишангҳои фоизии сиёсати монетарӣ, фаъолияти бозори байнибонкӣ, тақвияти қобилияти дурнамосозӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки шартҳо ва имкониятҳои дархости Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтор ва ҷалби мушовирон дар ҳамбастагӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Дар мулоқоти корӣ намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Юрий Соболев, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс, роҳбари намояндагии БОР дар Тоҷикистон Прадеб Шривастава, роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, муовини директори Намояндагии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон Томас Люкс, намояндаи Бонки Рушди Олмон KfW Манучеҳр Бақоев ва дигар мутахассисони ин ташкилотҳои молиявӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ҳадафгирии таваррум – реҷаи сиёсати пулию қарзиест, ки ҳадафи ниҳоии он муътадил намудани нархҳо дар давраи дарозмӯҳлат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф Бонки миллӣ тавассути сиёсати фоизӣ ҷиҳати таъмини муътадилии нархҳо ҷораҷӯӣ менамояд.

Ба ҳолати имрӯз 28 давлати дунё аз реҷаи ҳадафгирии таваррум истифода мебаранд. Аз ҷумла, раванди (таҷрибаи) мазкур дар миёни кишварҳои ИДМ дар ҷумҳуриҳои Арманистон, Гурҷистон, Русия ва Украина мушоҳида гардида, дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорусия ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...