Ширкати «Сафед-дара» бо миллион доллар дар Варзоб истироҳатгоҳ месозад

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» дар ноҳияи Варзоб бо номи «Дуои Модар» истироҳатгоҳи нав месозад. Чанде ин ширкатро бо Шамсулло Соҳибов, домоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мансуб медонанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбе ҳамроҳи писараш – раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи сохтмони Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои Модар» […]

Asia-Plus

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» дар ноҳияи Варзоб бо номи «Дуои Модар» истироҳатгоҳи нав месозад. Чанде ин ширкатро бо Шамсулло Соҳибов, домоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мансуб медонанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбе ҳамроҳи писараш – раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи сохтмони Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои Модар» шинос шуданд.

Гуфта мешавад, истироҳатгоҳ бо сарфи 10 миллион сомонӣ (беш аз 1,1 млн. доллар) маблағҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» (маҳз ҳамин ширкат қаблан маҷмааи лижаронию сайёҳии ҳамномашро сохта буд) бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳаи нақшаи сохтмонию меъморӣ дар ҳудуди истироҳатгоҳ меҳмонхонаи бисёрошёна бо 120 ҷойи хоб бунёд мешавад. Меҳмонхона аз ошхона, тарабхона, толори варзишӣ, толори маҷлис, ҳаммом ва ғайра иборат буда, дар саҳни ҳавлӣ ва лаби дарё ҳавзи оббозӣ ва айвонҳои кушод сохта хоҳанд шуд.

Инчунин дар ҳудуди истироҳатгоҳ таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт сохта шуда, дар гирду атроф ва ҳудуди он шинонидани дарахтону буттаҳо ва гулҳои зебои ороишӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Бунёди чунин истироҳатгоҳ ва ташкили инфрасохтори замонавӣ дар он ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди соҳаи туризм ва ҷалби шумораи бештари сайёҳон ба мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва таъсиси 50 ҷойи нави корӣ мусоидат хоҳад кард», – омадааст дар маълумоти дафтари матбуоти Сарвари давлат.

Қайд мешавад, ки ҳудуди замини ин Истироҳатгоҳ, ки дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари ҷумҳуриамон – ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, қабл аз ба тавозуни ширкати “Сафед-дара” гузаштан дар ҳолати харобу валангор қарор дошт. Соҳили дарёи Варзоб, ки дар шафати ин истироҳатгоҳ мебошад, дар вазъияти хатарнок ва садамавӣ қарор дошт ва аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ набуд.

Сарвари давлат ҳамин рӯз ҳамчунин бо бо лоиҳаҳои азнавсозии “Кӯли Варзоб” шинос шуд. Бо мақсади ободу зебо намудани кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, иншооти истироҳатию фароғатӣ ва дигар марказҳои фарҳангӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон, шаҳрдории Душанбе бо соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифтанд, “Кули Варзоб”, воқеъ дар шафати шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”-ро дар назди соҳили дарёи Варзоб азнавсозӣ намоянд.

Маблағи корҳои азнавсозӣ дар кӯл 9 миллион сомониро ташкил дода, пас аз пурра ба анҷом расидани корҳои азнавсозӣ 80 нафар сокинон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Майдони умумии ҳавзи шиноварӣ 158 ҳазору 787 метри мураббаъ мебошад.

Дар атрофи кӯл барои кӯдакону наврасон ва калонсолон ҷойҳои махсуси дилхушӣ, аквапарк, майдончаҳои футбол, волейбол ва дигар марказҳо бунёд мегарданд. Барои истироҳати хуши калонсолон дар кӯл нақлиёти обӣ-гидросиклҳо ва катамаранҳо истифода бурда мешаванд. Таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои атрофи кӯл асфалтпӯш карда мешаванд.

Дар маълумоти дафтари матбуоти Сарвари давлат аз ҷониби маҳз кадом соҳибкорон маблағгузорӣ шудани корҳои навсозии кӯли Варзоб зикр намегардад, вале тибқи баъзе маълумот, ба ин кор ширкати «Фароз» машғул хоҳад шуд, ки муассиси он Шамсулло Соҳибов мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.