Дар кӯҳҳои барфпӯши Тоҷикистон боғи ҳайвонот месозанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 ноябр аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» боздид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, соли ҷорӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» як қатор иншооти иловагӣ дар ҳудуди Маҷмаа сохта шуда, бунёди дигар биноҳо идома дорад. Соли ҷорӣ дар ин ҷо майдони бозии Пейнтбол, майдончаи варзишӣ, Зиплайн, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 ноябр аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, соли ҷорӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» як қатор иншооти иловагӣ дар ҳудуди Маҷмаа сохта шуда, бунёди дигар биноҳо идома дорад.

Соли ҷорӣ дар ин ҷо майдони бозии Пейнтбол, майдончаи варзишӣ, Зиплайн, Баги ва майдони аспсаворӣ сохта шуда, барои қабули дӯстдорони ин намудҳои варзиш омода мебошанд. Ҳамин тариқ, ҷиҳати татбиқи корҳои сохтмонӣ, ташкили инфрасохтори иловагӣ ва намудҳои нави варзиш аз ҷониби ҷамъият дар ин маҷмаа 6,5 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Дар ҳудуди маҷмааи лижаронии “Сафед – дара” барои моҳидорон ҳавз бо 2 ҳазор моҳии фаррел сохта шудааст. Меҳмонон метавонанд бевосита худашон аз ҳавз моҳӣ дошта, дар ҳамин ҷо онро пазанд.

Оянда тибқи нақша илова ба иншооти мавҷуда роҳбарияти Маҷмааи лижаронии “Сафед-дара” ба нақша гирифтааст, ки дар ин мавзеъ аттраксион барои бозиҳои арғамчинӣ, коттеҷҳои дуошёнаи истиқоматӣ, аспхона ва боғи ҳайвонот бо паррандаву ҳайвонҳои нодири хонагию ваҳшӣ, аз қабили уштур, хирс, бузи кӯҳӣ, қутос, навъҳои гуногуни сагҳо, рӯбоҳ, шағол, паланг, шер, кенгуру, маймунҳои мухталиф, шутурмурғ ва ғайра сохта ба истифода диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо сохтмони 5 километр роҳ хати лижаронӣ то ба баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр бароварда шуда, имсол ба масофаи 12 километр ва солҳои оянда то ба 20 километр дарозу васеъ карда шавад, то ин ки дар ин ҷо имкони баргузории чорабиниҳои варзишии зимистонаи сатҳи байналмилалӣ муҳайё гардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио