Боздошти беш аз 200 нафар дар Арабистони Саудӣ ба гумони фасодкорӣ

Мақомоти Арабистони Саудӣ дар доираи маъракаи зиддифасоди худ дар ин кишвар беш аз 200 одамро бозҷӯӣ карда, танҳо 7 нафари онҳоро бидуни эълони айб раҳо кардаанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додситони кулли Арабистони Саудӣ 9 ноябр гуфтааст, нақшаи коррупсионӣ тайи чанд даҳсолаи ахир ба ин кишвар беш аз 100 миллиард доллари […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Арабистони Саудӣ дар доираи маъракаи зиддифасоди худ дар ин кишвар беш аз 200 одамро бозҷӯӣ карда, танҳо 7 нафари онҳоро бидуни эълони айб раҳо кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додситони кулли Арабистони Саудӣ 9 ноябр гуфтааст, нақшаи коррупсионӣ тайи чанд даҳсолаи ахир ба ин кишвар беш аз 100 миллиард доллари амрикоӣ хисорот расондааст. Ба гуфтаи ӯ, санҷиши нақша се сол идома кардааст.

Дар шоҳигарӣ дороии беш аз 1,5 ҳазор ҳисоби бонкӣ ҳабс шуда, тафтишот то ба хориҷ аз ин кишвар низ расидааст. Аз ҷумла, аз Бонки марказии Аморати Муттаҳидаи Араб дархост шудааст, ки дар бораи ҳисоби бонкии 19 шаҳрванди Арабистони Саудӣ маълумот диҳад.

Гуфта мешавад, бонкдорон дар суҳбат бо хабаргузории Reuters гуфтаанд, ки бештари муштариёни сарватманди онҳо аллакай фурӯши дороиҳои худро дар минтақа оғоз кардаанд.

Қобили зикр аст, ки 5 ноябр дар Арабистони Саудӣ 11 шоҳзода, 4 вазир ва даҳҳо вазири пешинро боздошт карданд. Парвандаи онҳоро Кумитаи мубориза бо фасоди ин кишвар тафтиш дорад, ки чанде қабл аз сӯи валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон таъсис дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.