Пахта дар Тоҷикистон ба мавқеи стратегии худ бармегардад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ният доранд, ки ба пахта мақоми маҳсулоти стратегиро баргардонанд. Тайи 2 соли ахир ҳаҷми ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 ҳазор тонна афзуда, ба 400 ҳазор наздик шуд.

Ба аввали моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ зиёда аз 372 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки аз нақша 5,2% зиёдтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.

Гуфта мешавад, ба ҷамъоварии ҳосили дилхоҳ мусоид омадани боду ҳавои имсола ва риоя намудани агротехникаи парвариши пахта мусоидат намуд. Қайд мешавад, ки  имрӯзҳо дар пахтазорҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дорад.

Қобили зикр аст, ки тайи чандин соли охир заминҳои кишти пахта дар Тоҷикистон кам шуда, мутаносибан ҳаҷми истеҳсоли он низ коҳиш меёфт.

Ҳамин тариқ, соли 2012 – 418 ҳазор тонна, соли 2013 – 393 ҳазор, соли 2014 – 372 ҳазор, соли 2015 – 335 ҳазор ва соли гузашта – 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки тадриҷан коҳиш ёфтани майдони кишт ба ин боис гардид. Агар соли 2012 майдони кишти пахта ҳудуди 200 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас соли 2016 ҳамагӣ ба 160 ҳазор гектар баробар буд.

Имсол бори нахуст тайи чандин соли охир ба пахтакорони ҷумҳурӣ муяссар шуд, ки иҷрои нақшаи аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ пешбинишударо таъмин кунанд.

Пахта ҳамеша яке аз маҳсулотҳои асосии содиротии Тоҷикистон (дар баробари алюминий) шуморида мешавад. Солҳои 80-уми асри гузашта, замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мудом то 800 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ мешуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...