Дар Вазорати мудофиа сабаби худкушии сарбозро дар Кӯлоб ишқи ноком гуфтанд

Тоҳир Ҳабибови 20-сола, сарбози қисми низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Кӯлоб рӯзи 26 октябр ба худкушӣ даст зад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҷараёни ин ҳодиса дар Вазорати мудофиа хабар дод, сарбоз ба ин амал аз ишқи нокомаш даст задааст. Ба иттилои манбаъ, сарбоз хубу бидуни танбеҳ аз ҷониби фармондеҳон хизматро […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тоҳир Ҳабибови 20-сола, сарбози қисми низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Кӯлоб рӯзи 26 октябр ба худкушӣ даст зад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҷараёни ин ҳодиса дар Вазорати мудофиа хабар дод, сарбоз ба ин амал аз ишқи нокомаш даст задааст.

Ба иттилои манбаъ, сарбоз хубу бидуни танбеҳ аз ҷониби фармондеҳон хизматро адо карда, бо ҳамхизматонаш низ муносибати хуб доштааст.

«Пеш аз ин ҳодиса тариқи телефон ба ӯ хабар медиҳанд, ки духтари дӯстдоштааш дар Ишкошим бо каси дигар издивоҷ мекунад, – гуфт манбаъ. – Аз ин рӯ, сарбоз ин амали фоҷеаборро анҷом медиҳад».

Дар Вазорати мудофиа хабар доданд, ки фарзияи дар боло зикршуда дар тафтишот асосӣ буда, тафтиши ин ҳодиса дар Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.