Афғонистон Тоҷикистонро ба куштори шаҳрвандони осоиштаи худ айбдор мекунад

Ҳукуматдорони вилояти Бадахшони Афғонистон сарҳадбонони тоҷикро ба куштани афғонҳои осоишта айбдор мекунанд. Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ваъда доданд, ки ояндаи наздик ба ин иттиҳом посух мегӯянд. Бино ба маълумоти хабаргузории «Пажвок», дар минтақаи шимолу шарқи вилояти Бадахшон дар марзи Афғонистону Тоҷикистон сарҳадбонони тоҷик ду шаҳрванди Афғонистонро куштаанд. Фармондеҳи бригадаи нерӯҳои марзбонии Афғонистон Муҳаммад Амон Насим рӯзи […]

Asia-Plus

Ҳукуматдорони вилояти Бадахшони Афғонистон сарҳадбонони тоҷикро ба куштани афғонҳои осоишта айбдор мекунанд. Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ваъда доданд, ки ояндаи наздик ба ин иттиҳом посух мегӯянд.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Пажвок», дар минтақаи шимолу шарқи вилояти Бадахшон дар марзи Афғонистону Тоҷикистон сарҳадбонони тоҷик ду шаҳрванди Афғонистонро куштаанд.

Фармондеҳи бригадаи нерӯҳои марзбонии Афғонистон Муҳаммад Амон Насим рӯзи сешанбе ба хабаргузорӣ иттилоъ додааст, ки марзбонони тоҷик ду сокини осоиштаи деҳаи афғонии Яхдрои ноҳияи Ишкошимро куштаанд. Зикр мешавад, ки ҷасаде яке аз онҳо ғарқ шуда, ҷасади дигариро дар соҳили дарёи Панҷ дарёфтаанд.

Муҳаммад Амон Насим қайд кардааст, ки ҷониби Афғонистон дар мавриди ошкор кардани сабаби куштори шаҳрвандони мулкӣ ба нерӯҳои амнияти Тоҷикистон муроҷиат карда, вале то ҳол посухе нагирифтаанд.

Узви Шӯрои вилоят Толибиддин Қодирӣ ба «Пажвок» гуфтааст, нерӯҳои қудратии Тоҷикистон тайи чанд соли ахир ба куштани шаҳрвандони мулкӣ дар Вахону Ишкошим идома медиҳанд ва ним моҳ пеш як шаҳрванди мулкӣ дар мавзеи Ковии ноҳияи Вахон кушта шудааст.

Нашрия аз қавли Қодирӣ менависад, ба афсарони тоҷик барои қатли қочоқбарон дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон медалҳо ваъда додаанд.

Ҳамин тариқ, илова кардааст ӯ, марзбонони тоҷик шаҳрвандони бегуноҳи афғонро мекушанд, то ки аз ҳукуматдорони худ медал гиранд.

Дар Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳороти намояндаи ҳукумати вилояти Афғонистонро қотеъона рад намуда, ваъда доданд, ки ояндаи наздик ба таври хаттӣ посух мегӯянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.