Фурӯшгоҳҳои атрофи бозори Шоҳмансур кӯчонида мешаванд

Раиси шаҳри Душанбе қароре ба имзо расонид, ки мувофиқи он ҳамаи нуқтаҳои фурӯши гирду атрофи бозори Шоҳмансур кӯчонида мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ин ҷо сари дӯкону фурӯшгоҳҳо, биноҳои хадамоти маишӣ ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ сухан меравад, ки замоне дар гирду атроф ва наздикии бозор […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе қароре ба имзо расонид, ки мувофиқи он ҳамаи нуқтаҳои фурӯши гирду атрофи бозори Шоҳмансур кӯчонида мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ин ҷо сари дӯкону фурӯшгоҳҳо, биноҳои хадамоти маишӣ ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ сухан меравад, ки замоне дар гирду атроф ва наздикии бозор сохта шудааст.

Раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур додааст, ки рӯйхати иншооти бартарафшавандаро тартиб дода, моликони онҳоро ба таври хаттӣ дар бораи кӯчонидани онҳо огоҳ намоянд. Ҳамчунин супориш дода шудааст, ки ба соҳибони иншооти бартарафшаванда ҷубронпулӣ ҷудо карда шавад.

Бо қарори раиси пойтахт, тамоми қаламрави холишуда бо андозаи 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии пойтахт дохил карда мешавад: бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.