«Искандар»-ҳои Русия «қароргоҳи террористон»-ро дар Тоҷикистон нобуд мекунанд

Дар панҷ машқгоҳи вилояти Хатлон тамринҳои низомии зиддитеррористии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД оғоз мегардад. Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор нафар сарбозону афсарон иштирок ва 64 адад авиатсияи ҷангӣ, 300 адад техникаи зиреҳпӯш ва артиллерия сафарбар мешавад. Дар ҷараёни машқҳо масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи нерӯҳо дар ҳолати вуруди террористон аз Афғонистон ба Тоҷикистон мавриди омӯзишу […]

Asia-Plus

Дар панҷ машқгоҳи вилояти Хатлон тамринҳои низомии зиддитеррористии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД оғоз мегардад.

Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор нафар сарбозону афсарон иштирок ва 64 адад авиатсияи ҷангӣ, 300 адад техникаи зиреҳпӯш ва артиллерия сафарбар мешавад. Дар ҷараёни машқҳо масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи нерӯҳо дар ҳолати вуруди террористон аз Афғонистон ба Тоҷикистон мавриди омӯзишу таҷриба ва амал қарор мегиранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода дар ин робита иттилоъ дод, дар марҳилаи хотимавии тамринҳо аз шабакаҳои мушакии "Искандар-М” ба қароргоҳи террористони эҳтимолӣ мушакҳо партоб хоҳанд шуд.

Моҳи майи соли ҷорӣ шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар машқгоҳи «Лоҳур» ба самти ҳадафҳои аз ҷониби хадамоти иктишофӣ муайяншуда мушак партоб карда буданд.

Мушаки «Искандар-М» ба нобуд кардани ҳадаф дар масофаи то 500 километр қодир аст. Мушакҳо бо бузургтарин ҳавопаймоҳои ҳарбии боркаши Нерӯҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия «Руслан» ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Ба гуфтаи Ф.Маҳмадализода, ба ин тамринҳо воҳиду ҷузъу том ва техникаи ҳарбии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД аз Арманистону Беларус ва Қазоқистону Русия тариқи авиатсияи нақлиётӣ-ҳарбӣ ва нерӯҳо аз Тоҷикистону Қирғизистон ба воситаи нақлиёти заминӣ интиқол дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.